“Шоубизнес” дар “Шаҳри бехатар”: Вазирҳо чӣ?
Ҳадафи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” қарор гирифтани ситораҳои эстрадаи тоҷик ҳафтаи равон дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор дошт.
“Шоу-хабар”-ҳои Вазорати умури дохилӣ дар бораи қоидавайронкунии ситораҳои “Шоу-бизнес” миёни корбарони интернет дар Тоҷикистон мавриди истиқбол қарор гирифтанд ва суолеро ба миён гузоштанд, ки оё дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ҳамаро бо як чашм нигоҳ мекунанд? Ситораҳои эстрадаи тоҷик, ки одатан барои наворҳо ганарар мегиранд, тибқи хабарҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон агар “қаҳрамони наворҳои Шаҳри бехатар” шаванд, имтиёзе надоранд ва ҷарима месупоранд.
Аммо оё маҳз ситораҳои эстрада қонуншиканҳои ашадӣ дар роҳҳои Душанбеянд? Қаблан бархе аз фарзандони мансабдорон бо “қаҳрамонӣ”-яшон дар сархати расонаҳо қарор гирифта буданд, аммо дар хабарҳои “Шаҳри бехатар” аз онҳо зикре нашудааст.
Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ба касе имтиёз намедиҳанд. Ӯ ба суоли “Озодагон”, ки оё боре худи вазир ҳам ҷаримабандӣ шудааст, ё не, чунин ҷавоб гуфт: “Бо мошини хидматӣ бошам, ҷарима намебанданд. Агар бо мошини шахсӣ бошам, ҳатман ҷаримабандӣ мешавам”.
Раҳимзода таъкид намуд, ки камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар” ҳамаи иштирокдорони ҳаракати роҳро, сарфи назар аз мансабу мақомашон, ҷарима мебандад. Ӯ афзуд, барои гузашт накардани кормандони “Шаҳри бехатар” дастур додааст, ҳама, аз ҷумла фарзандони худаш низ ҷаримабандӣ шаванд: “Чанд бор фарзандонам ҷарима шудаанд”.
Аммо тавре дар Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба “Озодагон” маълум шуд, на ҳама вақт мансабдорони гунаҳкор дар қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ҷазо мегиранд, зеро расман масъулияти ин қоидавайронкунӣ бар дӯши ронандаҳояшон мебошад.
Дар ин робита қаблан қазияи як ронандаи мансабдори дастгоҳи раисиҷумҳур расонаӣ шуд, ки даъво дошт, қоидаҳоро бо дастури раисаш вайрон мекардааст. Фирӯз Файзов, ки ба ҳайси ронанда дар дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон беш аз як сол фаъолият доштааст, аз ҷаримабандиҳои “Шаҳри бехатар”, ки ӯро ду ҳазор сомонӣ қарздор намуда буданд, шикоят кард. Файзов дар шарҳи ҳодиса ба “ИмрӯзNews” гуфта буд, ягон бор қасдан ҳангоми сурх будани чароғак роҳро убур накардааст: “Ҳолатҳое мешуданд, ки раис рон мегуфт, мерондам ва баъзан худи кормандони БДА барои танба нашудани мошинҳо ҳаракатро танзим намуда, ҳангоми сурх будани чароғак ба гузаштан иҷоза медоданд”.
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ронанда сарфи назар аз он ки мошини давлатӣ дорад ё шахсӣ барои риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ масъул буда, дар сурати нақзи ин қоидаҳо ҷаримабандӣ хоҳад шуд.