Қурби $ дар Тоҷикистон боз боло рафт: Оғози судхӯрӣ?
Бонки Миллии Тоҷикистон боз аз болоравии қурби доллар дар бозори нақди кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод афзоиши қурби асъори амрикоӣ ҳафтаи равон идома ёфта, арзиши як доллар то ба 6,72-6,74 сомонӣ расид. Бонки Миллӣ яке аз омилҳои афзоиши қурби доларро коҳиш ёфтани арзиши рубл арзёбӣ мекунад, ки 1000 рубли русӣ ба 102-105 сомонӣ баробар шудааст: “Қурби евро бошад, андаке баланд гардида, 7,2565-7,2900 сомониро ташкил медиҳад”.
Бонки Миллӣ таъкид мекунад, ки расман қурби миёнаи доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ 6,5200-6,5400 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинон мегӯянд фарқи қурбе, ки дар овезаҳо нишон дода шудааст, аз қурби воқеӣ боиси фиреб хурдани мардум ва афзоиши даромади муфти саррофон шудааст. Азим, як сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз болоравии қурби доллар хабар надошт ва 14-уми август дар саррофиҳои бозори “Корвон” долларро бо нархи дар овезаҳо навишташуда-6,55 сомонӣ иваз намуд.