Сокини Конибодом дар куштори ҳамшаҳрияш муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 47-сола хабар дод, ки дар куштор муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, субҳи 13 август, соати 5:00 дар назди яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Конибодом ҷасади марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид. Манбаъ мегӯяд, дар пайи баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ин ҷиноят, марди 47-солаи сокини шаҳри Конибодом боздошт гардид.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.