АКС: Ли Ҳиллинг “Ҷойи муъҷизаҳо”-яшро дар Душанбе муаррифӣ кард
Шоми панҷшанбеи 13 август дар шаҳри Душанбе китоби “Ҷойи мӯъҷизаҳо” (A place of miracles)-и Ли Ҳиллинг, раҳбари Институти тиббии Фаронса оид ба кӯдакон муаррифӣ шуд.
Расмии муаррифии китоб, ки аз вазъи беҳдошт ва беморхонаи кӯдаконае дар Афғонистон қисса мекунад, дар Маркази Исмоилияи пойтахт сурат пазируфт. Ли Ҳиллинг гуфт, дар китоб аз зиндагии чанд кӯдаке аз хонаводаҳои фақири афғон қисса мешавад, ки гирифтори бемории вазнин буда, бо кумаки Шифохонаи Институти тиббии Фаронса дар Кобул маризияшон муолиҷа шуд.
Муаллифи китоб мегӯяд, беморхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукуматҳои Фаронсаву Афғонистон ва Ташкилоти Оқохон оид ба рушд бунёд шуда, дар он 1600 ҷарроҳии вазнин, аз қабили ҷарроҳии қалбу бо муваффақият анҷом шудааст. Ӯ аз ҷумла аз ҷароҳии бомуваффақи як дугоники баҳамчаспида қисса карда гуфт, чунин ҷарроҳиҳо ҳатто дар аксари давлатҳои аврупоӣ гузаронда намешавад. Оқои Ҳиллинг вазъи ин ду кӯдаки дугоникро хуб арзёбӣ карда гуфт, ба саломатии онҳо хатаре таҳдид намекунад.
Муаллифи “Ҷойи муъҷизаҳо” гуфт, маблағи аз фурӯши китоб бадастомадаро ба Афғонистон медиҳад.
Маросими муаррифии китоб бо иштироки сафирони Эрон, Фронса, Афғонистон, Олмон, Озарбойҷон, Покистон, Қирғизистон, Украина, Белорусия ва намояндаҳои ташкилоту идораҳои давлативу ғайриҳукуматӣ баргузор шуд.