Ихтилофи Кобулу Душанбе дар мавриди роҳи “раҳоӣ” аз пойбандӣ ба Узбакистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иқрор намуд, ки дар мавриди масири сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон бо Кобул ихтилофи назар доранд.
Суҳроб Мирзоев, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон ахиран зимни як ҳамоиш дар Душанбе тасдиқ намуд, ки дар мавриди масири ин роҳи оҳан дар ҳудуди Афғонистон баъзе мушкилиҳо ба вуҷуд омадааст. Масъулини нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, бояд барои баррасии масири сохтмони ин роҳ бо иштироки намояндаҳои тоҷику афғон нишасте доир мешуд, ки бо сабабҳои маълуми Афғонистон ба таъхир афтод.
Ин дар ҳолест, ки роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон дар назар аст, Тоҷикистонро аз пойбандӣ ба роҳҳои оҳани Узбакистон раҳо бахшад ва аввали соли равон Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъкид намуда буд, ки “масъаллаҳои техникӣ ба амалишавии умумии лоиҳа таъсир намерасонад”.
Қисмати туркманистонии роҳ аз ҳисоби худи Туркманистон ва қисматҳои тоҷикистонию афғонистонии он дар назар аст, ки бо ҷалби сармояи муассисаҳои байналмилалии молиявӣ сохта шавад.
Қаблан, се лоиҳаи эҳтимолӣ барои ин роҳи оҳан таҳия шуда буд, ки якумӣ тавассути Колхозобод – Дӯстӣ – Панҷи Поён (сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон), Шерхон Бандар – Қундуз – Хулм – Мазори Шариф – Шибирғон – Андхуй – Оқина (сарҳади Афғонистон бо Туркманистон) – Имомназар – Отамурод, ки тули ин роҳ тахминан 635 километр роҳро ташкил бояд диҳад. Лоиҳаи дуввум Айвоҷ (сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон) – Тагонгузар – Хулм – Мазори Шариф – Шибирғон– Андхӯй – Оқина (сарҳади Афғонистон бо Туркманистон) – Имомназар – Отамурод. Дарозии роҳ дар ин самт 445 километр ҳадс зада мешавад. Лоиҳаи севвум ин тавассути Бешкент (Тоҷикистон) – Калдор (Афғонистон) – Хайратон – Келиф (Туркаминистон), ки кутоҳтарин тулро дошта ҳамагӣ 160 километр муайян шудааст.
Расман сохтмони роҳи оҳан аз ҷониби Туркманистон соли 2013 дар ҳузури роҳбарони се кишвар бо гузоштани нахустин релс оғоз шуда буд.