Ҷаримаи соҳибкор барои истихдоми муҳоҷири ноболиғи тоҷик
Соҳиби як қаҳвахона дар шаҳри Новосибирски Русия барои истихдоми муҳоҷири ноболиғи тоҷик ҷарима шудааст.
Ин шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар қаҳвахонаи “Подсолнух”, воқеъ дар минтақаи Железнодорожнии Новосибирск ба кор ҷалб шуда, дар як шабонарӯз даҳ соати корӣ доштааст.
Мақомоти додситонии ин шаҳр амали соҳиби қаҳвахонаро хилофи қонуни муҳоҷирати Русия дониста, ӯро 5 ҳазор рубл ҷарима кардаанд.