Матбааи ҲНИТ дар асоси мактуби Вазорати фарҳанг баста шуд
Дари матбаи “Муаттар”-и Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар он нашрия ва маҷаллаи ин ҳизб ба табъ мерасид, аз сӯи мақомоти давлатии кишвар муҳр зада шудааст.
Тибқи иттилои торнамои расмии ҲНИТ, фаъолияти матбааи “Муаттар” дар асоси мактуби масъулини Вазорати фарҳанги кишвар муваққатан қатъ гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, Ҳайате иборат аз кормандони Вазорати фарҳанг, Кумитаи андоз, Тоҷикстандарт, Идораи санитарӣ- эпидемиологии кишвар рӯзи 12 августи соли равон фаъолияти матбааи ҲНИТ-ро мавриди санҷиш қарор дода, гӯиё дар он камбуд пайдо кардаанд.
Масъулини ҲНИТ дар шарҳи ин хабар навиштаанд, муҳр задани дари матбааи “Муаттар” “идомаи амаликунонии ҳамон барномаи "антинаҳзат”-ист, ки тибқи тарҳу нақшаи мақомот амалӣ мегардад”.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор меравад, ки соҳиби торнамо, нашрия – “Наҷот” ва маҷалла “Сафина”-и худ мебошад.