Фағонӣ иттиҳоми шиагароӣ ба мухолифони салафиятро хатти ҷадиди эронҳаросӣ хондааст
Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе зимни дидор бо намояндагони расонаҳои эронии муқими Тоҷикистон дар мавзӯъҳои равобии ду кишвар, тавофуқи ҳастаӣ ва эронҳаросӣ суҳбат кардааст.
Ин дипломати эронӣ бо ишора ба афзоиши диду боздидҳои намояндагони тоҷику эронӣ гуфтааст, дар ин дидорҳо ҳамкориҳои фарҳангӣ, беҳдоштӣ ва амниятӣ пӯшиш ёфтаанд. Оқои Фағонӣ сафари Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсиро мисол зада, изҳор доштааст: “Ин сафар фурсатеро фароҳам овард, то аз забони форсӣ ба унвони забони меъёр ва забони илм суҳбат бишавад. Зеро ҳамкориҳое, ки дар заминаи забон ва хатти ниёкон бо Тоҷикистон доштем бештар маътуф ба он шуда буд, ки ин забон забони шеъру шоирӣ аст ва таваҷҷуҳи хосе ба зарфиятҳои он дар масоили илмӣ ва бахусус илми рӯз сурат нагирифта буд”.
Сафири Эрон дар бахши дигаре аз суҳбатҳояш ба баҳси ҳамкориҳои омӯзишии ду кишвар пардохтааст. Ба гуфтаи ӯ, “яке аз мавзӯъҳое, ки тарафи тоҷик тайи муддатҳои ахир дар сутуҳи мухталиф матраҳ мекард, зарурати пазириши донишҷӯёни ин кишвар дар риштаҳои улуми пизишкӣ буд. Ин мавзӯъ аз тарафи сафорат мавриди пайгирӣ қарор дода шуд ва тайи сафари ахири ҳайати Вазорати беҳдошти Эрон ба Душанбе расман эълон шуд, ки омодагӣ барои пазириши донишҷӯёни тоҷик дар ҳавзаи омӯзиши пизишкиро доранд”.
Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ хабар додааст, ки дар ҳафтаи оянда ҳайати мухталифе аз Эрон ба Тоҷикисон сафар хоҳанд кард: “Аз ҷумла дар чанд рӯзи наздик ҳайати Вазорати улуми Эрон барои баргузории марҳилаи мусоҳибаи ниҳоӣ ва пазириши донишҷӯёни тоҷик вориди Душанбе хоҳад шуд. Бархилофи соли гузашта, ки куллан 20 нафар донишҷӯ аз Тоҷикистон интихоб гардид, имсол ба талошҳои ҳамкорони сафорат аз 145 нафар довталаб озмун гирифта шуд”.
Сафири Эрон дар Тоҷикисон дар қисмати дигаре аз суҳбати худ ба тавофуқи ҳастаии Эрон бо 6 қудрати ҷаҳонӣ пардохта гуфтааст, дар пайи ин тавофуқ ангеза ва рақобатҳо дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа барои ҳамкории иқтисодӣ бо Эрон афзоиш ёфтааст. Аммо ин дипломати эронӣ аз фаъол шудани “лобиҳои саҳюнизми байналмилалӣ” изҳори нигаронӣ карда, афзудааст: “Онҳо ба навъе мехоҳанд пружаи эронҳаросиро, ки ҳамеша дар дастури коршиносон будааст, аз зовияи дигаре доман зананд”.
Ӯ гуфтааст, онҳо дар шароити ҷадид бо рафъи масъалаи барномаи ҳастаӣ талош мекунанд аз зовияи дигаре алайҳи Эрон таблиғоти нодуруст бикунанд: “Ба гунаи мисол сари мавзӯи намозхонаи аҳли суннат дар Ҷаннатобод чи ҷору ҷанҷоле роҳ андохтанд дар ҳоле ки воқеият комилан чизе дигар аст”.
Сафири Эрон бо ишора ба нигоҳи кишварҳои Ховари миёна ба Эрон гуфтааст, “бархе аз кишварҳои минтақаи Ховари Миёна, ки аз ноҳияи барномаи ҳастаии Эрон изҳори нигаронӣ мекарданд, бо ҳосил шудани тавофуқи ҳастаӣ, бояд дигар нигаронӣ надошта бошанд, вале ҳамсадо бо режими саҳюнистӣ хатти эронҳаросиро дунбол мекунанд”.
Фағонӣ инчунин гуфтааст, ворид кардани иттиҳоми шиагароӣ ба мухолифони салафият ва ифротигарӣ дар минтақа дар воқеъ як хатти ҷадиде аз пружаи эронҳаросӣ аст. Ба гуфтаи вай, “имрӯз ҳеч кишваре нест, ки ба андозаи Эрон мунодии Ислом ва ваҳдат буда бошад”.