Манижа, Нозия ва Зулайхо дар феҳрасти ронандаҳои қонуншикану "ҷаримагурез"
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба рӯйхати ситораҳое, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаанд, Манижа Давлатова, Зулайхо Маҳмадшоева ва Нозияи Кароматуллоҳро ворид кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Манижа Давлатова бо мошини "Хундай-Элантра" рақами давлатиаш 8855 ВК 01 аз 14 апрели соли 2014 то 17 июни соли 2015, 37 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон карда, то ҳол ҷаримаи таъиншударо напардохтааст. Инчунин, ВКД аз қоидавайронкуниҳои Зулайхо Маҳмадшоева хабар дод, ки бо мошини "Лексус-IS 250" рақамаш 3370 СВ 01 аз сеюми январ то нуҳуми августи соли равон чор бор ба қоидавайронкунӣ роҳ додааст: "Маҳмадшоева барои як далели қоидавайронкунӣ дар роҳҳои Душанбе 120 сомонӣ ҷарима пардохта, маблағи се ҳолати дигарро то ҳол ба буҷа ворид накардааст".
Манбаъ афзуд, Нозияи Кароматуллоҳ бо "Мерседес Бенс-ML350" рақамаш 1234 АТ 01 аз якуми ноябри 2013 то нуҳуми августи 2015 дар 38 ҳолат қоидаи ҳаракати роҳро нақз карда, аз ин барои 17 ҳолат 3160 сомонӣ ҷарима супорида, маблағи 21 ҳолатро напардохтааст.