Русия ба ноболиғони тоҷик таълими низомӣ медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзо намудани як қарори ҳукумат аз 6-уми августи соли 2015 дастур додааст, ки созишнома бо Русия дар бораи ба таълими низомӣ фаро гирифтани ноболиғони тоҷикистонӣ тасвиб шавад.
Тибқи ин созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия, ноболиғони тоҷикистонӣ ба муассисаҳои Русия, ки барномаҳои иловагии омодагии низомӣ доранд, ба таълим ҷалб мешаванд: “Қабули довталабони тоҷикистонӣ ба омӯзишгоҳҳои низомии суворовск, омӯзишгоҳҳои низомӣ-баҳрии нахимовск ва корпусҳои кадетӣ, ки дар тобеияти Вазорати дифои Русия қарор доранд, дар асоси озмун сурат мегирад”.
Масъули татбиқи ин созишнома вазоратҳои дифои Тоҷикистону Русия муайян шудаанд.