Номаи Сироҷиддин Аслов ба вазири умури хориҷии Кувайт
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо шайх Сабоҳ Холид ал-Ҳамд, вазири умури хориҷии ин кишвар мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои хабаргузории расмии Кувайт, ин вохурӣ рӯзи 12 август дар шаҳи ал-Кувайт - пойтахти ин кишвар баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар вохурӣ Зубайдулло Зубайдов номаи Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистонро ба шайх Сабоҳ Холид ал-Ҳамд тақдим кардааст.