Тирпаронии иштибоҳии афғонҳо аз минамёт ба Тоҷикистон
Низомиёни Афғонистон барои ду гулулаи минамёт, ки алайҳи гуруҳи Толибон шиллик шуданду иштибоҳан марзро убур карда, дар хоки ноҳияи Фархори Тоҷикистон таркидаанд, расман аз ҳамтоёни тоҷикашон узр хостаанд.
Тибқи иттилои ҷониби Тоҷикистон дар ин тирпаронӣ касе зарар надидааст ва марзбонони тоҷик ҳамона дар низоми пурзӯр хидмат мебаранд.
Дар ҳамин ҳол масъулини афғон изҳор медоранд, ки мавқеи Толибонро дар шимоли Афғонистон танг кардаанд ва инчунин тайи рӯзҳои охир дар минтақаҳои Форёб, Қундуз, Сари-Пул, Кунар, Кобул, Бодғис, Зобул, Урузғон, Ғазнӣ, Қандаҳор ва Ҳилманд 94 ҷангии Толибон, аз ҷумла 3 фармондеҳашон нобуд карда шудаанд.