Сокини Истаравшан дар куштори ҳамсараш муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 33-сола бо иттиҳоми куштор хабар додааст.
Торнамои расмии ин ниҳод менависад, дастгиршуда сокини ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд буда дар куштори ҳамсараш муттаҳам мешавад: “Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда, шаби 11 ба 12-уми августи соли 2015, тахминан соати 01:30 дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миёномада, ҳамсари 30-солаашро бо роҳи буғӣ кардани гулӯяш бо руймоли дар дасташ буда, ба ҳалокат расонидааст”.
Манбаъ мегӯяд, нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот, идома дорад.
Ҳарчанд ВКД иллатҳои ин моҷароро шарҳ надодааст, аммо як сокини рустои Пошкенти шаҳри Истаравшан, ки ҳодиса онҷо ба вуқӯъ пайвастааст, ба “Озодагон” гуфт, ин мард бемории руҳӣ дошт. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, “баъди буғӣ кардани завҷааш мард ба бадани худ як корд зада, ба кӯча мебарояд”.
Ӯ гуфт, бино ба иттилои шоҳидон мард худаш ба кормандони Шӯъбаи корҳои дохилӣ хабар додааст: “Ҳоло дар беморхона қарор дорад”.