Русия: Имомҷони 28-сола бар асари сарозер шудан аз ошёнаи 12 ҷон дод
Як муҳоҷири 28-солаи тоҷик дар Русия бар асари сарорез шудан аз ошёнаи 12 ҷон додааст.
Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса шоми 11 ба 12 августи соли равон дар яке аз биноҳои сохтмонии маҳаллаи “Университет”-и шаҳри Маскав рух додааст.
Ба гуфтаи Иззат Амон, ин муҳоҷири тоҷик Имомҷон Мирзоалиев ном дошта, сокини ноҳияи Ҷиргатол буд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, қарор аст шоми имрӯз, 13 август ҷасади Имомҷон Мирзоалиеви 28-сола ба Ватан интиқол ёбад.