Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран бо имзои як қарори ҳукумат дастур дод, литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркӣ ба муассисаҳои давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” табдил дода шаванд. Дар робита “Озодагон” аз чанд соҳибназари тоҷик пурсид: ЛИТСЕЙҲОИ ТОҶИКИШУДАИ ТУРКӢ МЕТАВОНАНД МАВҚЕАШОНРО ҲИФЗ НАМОЯНД?
Исфандиёри НАЗАР, шоир ва рӯзноманигор
Фикр намекунам, ки номи “тоҷикӣ” бахшидан ба он литсейҳо амалан асли кори онҳоро тағйир бидиҳад. Моҳияти масъала инҷост, ки оё дасти “туркӣ” аз ин литсейҳо кӯтоҳ карда шудааст ё ҳанӯз ҳам ким кадом “эфендӣ” онҳоро назорат мекунад? Дар ин литсейҳо муаллимони хуби тоҷик мударрисӣ мекарданд ва акнун ҳам бояд ҳамонҳо бошанд. Маблағи калоне барои таҳсил гирифта мешуд. Маблағсупор падару модарон буданд. Ҳоло агар ҳамон маблағсупорӣ роиҷ бошад, агар маорифи Тоҷикистон чашми худро ба он маблағҳо надӯзад ва тариқаи тадрис ҳамчунон ки дар собиқ буда, идома пайдо кунад, дар кайфияти дарсҳо халале падид намеояд. Аммо, агар ба қавли Мавлоно “сустию тоҷикӣ”-ш кунанд, пас... мешавад мисли макотиби дигари ҷумҳурӣ, ки аз ёд додани ҳуруф то харидани китобу таълим додан бар дӯши волидайн ва пул чидану иддаъои муаллимӣ кардан бар дӯши муаллимон аст. Ҳамчунин мешавад чун дигар макотиб, ки аз кӯчаву паскӯчаҳои қишлоқу навоҳияшон муаллиму номуаллимро оварда сарвари мактаб ва камтаринашро муаллими синфҳои ибтидоӣ мондаанду мемонанд. Маҷмуан бастани ин литсейҳо амре зарурӣ ва лозимӣ буд! Маорифро бояд Ҳукумати ҷумҳурӣ мустақиман назорат кунад ва аз ҳар самти дигар дида бештар онро маблағгузорӣ ва махсусан фунуни дақиқро ҷиддан ба роҳ бимонад.
Саъди МАҲДӢ, устоди ДМТ
Бисёр хуб аст, ки имсол Президент бо як имзо литсейҳои туркиро бо номи литсейҳои хонандагони болаёқат тағйири ном кард. Фикр мекунам ин кор ормонҳои бистучандсолаи зиёиёни кишвар мисли Лоиқу Гулрухсору Валӣ Самадро бароварда кард. Журналистон ҳам дар ин солҳо хело навиштанд, ҳатто баъзеҳо хело доду вой ҳам карданд. Аммо аз чӣ бошад, ки ин зиёиён хомӯшанд. Гӯиё ки инро намехостанд. Ё ишон бояд фақат камбуди кобанду хубиву кори некро нодида бигиранд?! Ин эроди дӯстонаи ман аст ба аҳли зиё, ки ин воқеаро бояд як ғалабаи ҷиддӣ бар зидди пантуркизм ва як дастоварди бузург дар ду даҳсола қайд кунанд. Дар хусуси муваффақ шудани ин литсейҳо гуфтаниям, ки ояндаро вақт нишон медиҳад. Ин литсейҳо чизеро аз даст надодаанд, ҳамон бинову ҳамон муаллимон. Фикр мекунам бояд дигар забони туркӣ нахонанд. Баръакс ба ҷои забони туркӣ дигар забон омухта кадрҳои беҳтару хубтар омода созанд.
Зафар МИРЗОЁН, донишманд
Мо ба омузиши забон ва тарзи зиндагии туркӣ ниёзе надоштем. Аммо аз носозгории рӯзгори пас аз ҷанги беномусӣ, ночор хидмати онҳоро пазируфтем. Ҳоло дигар ба худ омадаем ва на ба литсеи туркӣ, на арабӣ эхтиёҷ надорем. Аммо бояд забонҳои русиву инглисиро ҳатман омӯхт. Дар мавриди онки ин литсейҳо то чи андоза метавонад мавқеашро ҳифз намояд, пешакӣ чизе гуфта наметавонам, аммо: 1. шароити дар он ҷойҳо фароҳамоварда метавонад омузиши беҳтареро созгор бошад; 2. Омӯзгорони тоҷик, ки дар он дабиристонҳо фаъолият доштанд, каме дониши хубтар доштанд; 3. Усули дарсдиҳҳии дабирони туркӣ пешрафта буд. Намедонам дар оянда чӣ гуна хоҳад шуд.
ШУМО НИЗ АНДЕШАИ ХУДРО ДАР ИН МАВЗӮЪ БИНАВИСЕД