Суғд: Ноиби фармондеҳи “СОБР” дар куштор барои 1500$ айбдор мешавад
Мақомоти умури дохилии Суғд аз боздошти ноиби фармондеҳи гуруҳи зудамал (СОБР)-и Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар ин вилоят хабар додаанд, ки дар куштор барои 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мешавад.
Тавре хабаргузории “Авеста” аз қавли манобеаш дар ин ниҳод иттилоъ додааст, ҷасади корманди 25-солаи беморхонаи Суғд шаби 10 ба 11 август дар ҳудуди шаҳраки навбунёди Сайҳун аз сӯи ронандаҳои мошинҳои боркаш пайдо шудааст: “Дар ҷасади ин сокини ноҳияи Айнӣ, ки муваққатан дар Хуҷанд зиндагӣ мекардааст, осори захмҳои зиёди корд ошкор гардидааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи чорабиниҳои фаврӣ баъди 3-4 соати дарёфти ҷасад муттаҳам дар ин ҷиноят - ноиби фармондеҳи гуруҳи зудамал дар Суғд, лейтенанти калони 40-сола боздошт шудааст: “Ӯ изҳор дошта, марҳум аз вай 1,5 ҳазор доллар қарздор буд ва надодани қарз боиси куштор шудааст”.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ-куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.