“Шаҳри бехатар”: Қоидавайронкуниҳои Фарзона, Шабнам, Афзалшоҳи Шодӣ ва дигар ситораҳо...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз қоидавайронкуниҳои ситораҳои эстрадаи тоҷик -- Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Афзалшоҳ Шодиев, Меҳрнигори Рустам, Шаҳроми Абубакр, Гулрӯ Табарова ва Сарвиноз Юсуфӣ хабар додааст, ки тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ба қайд гирифта шудаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз ҷониби ронандаи автомашинаи "Рэнҷ–Ровер" аломати қайди давлатиаш 0007 ВР 01, ки ба Фарзонаи Хуршед тааллуқ дорад, аз 15 ноябри соли 2013 то 23 июни соли 2015, 23 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир шуда, тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт гардидааст: “Барои 18 ҳолат Фарзонаи Хуршед 4990 сомонӣ ҷаримаро ба буҷаи давлат супорида, ҷарима 5 ҳолати дигар ҳанӯз пардохт нашудааст”.
Ба иттилои манбаъ, бо автомашинаи тамғаи "Порше-Кайэн" аломати қайди давлатиаш 0008 ВВ 01, ки ба Шабнами Сурайё тааллуқ доштааст, аз 01 феврали соли 2014 то 04 августи соли 2015, 8 ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир гардидааст, ки ҷаримаи он то ҳол пардохт нагардидааст.
Ин ниҳод афзуд, Афзалшоҳ Шодиев низ бо автомашинаи тамғаи "Тойота-Лэнд Круйзер" аломати қайди давлатиаш 6262 АС 01 аз санаи 03 ноябри соли 2013 то 07 августи соли 2015, 27 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудааст: “Барои 12 далели қоидавайронкунӣ 2560 сомонӣ ба буҷаи давлат супорида шуда, ҷарима 15 далели боқимонда ҳанӯз пардохт нашудааст”.
Шаҳроми Абубакр бо автомашинаи "Тойота-Королла" аломати қайди давлатиаш 0010 СО 01 аз 23 октябри соли 2014 то 02 июли соли 2015 дар 15 ҳолат ба қоидавайронкунӣ роҳ додааст: “Барои 4 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, Шаҳроми Абубакр 700 сомонӣ пардохт карда, маблағи 11 далели дигар ҳанӯз ба буҷаи давлат ворид нашудааст”.
Инчунин бо иштироки "Лексус-GX470" аломати қайди давлатиаш 7111 AD 01, ки ба Гулрӯ Табарова тааллуқ дорад, аз 25 январ то 07 июни соли 2015, 3 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудаанд, ки маблағи он ҳанӯз пардохт нагардидааст.
Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик низ, ки соҳиби "Тaйотоа-Королла", аломати қайди давлатиаш 6600 АТ 01 мебошад, аз санаи 02-юми ноябри соли 2013 то 01 августи соли 2015, 19 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудааст: “Барои 4 ҳолати қоидавайронкунӣ Меҳрнигори Рустам 840 сомонӣ ҷарима супорида, маблағи 15 далели боқимонда носупорида мондааст”.
Аз Вазорати умури дохилӣ илова карданд, ки бо автомашинаи тамғаи "Мазда-СХ7", аломати қайди давлатиаш 8686 ВА 01, ки ба Сарвиноз Юсуфӣ тааллуқ дорад, аз санаи 01-уми декабри соли 2013 то 22 июли соли 2015 - 8 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир шуда, ҷаримаи он то ҳол пардохт нагардидааст.