“Барқи тоҷик” кормандонашро ихтисор мекунад
Ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯяд, теъдоде аз кормандонашро аз кор ҷавоб хоҳад дод.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” имрӯз, 11 август дар суҳбат ба “Озодагон” сабаби ин тасмимро “баланд бардоштани вазъи молиявӣ ва ба як ширкати мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ табдил додани ширкат” арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ихтисори кормандон дар заминаи таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ва аз сӯи комиссияи вижа сурат мегирад: “Кормандоне ихтисор мешаванд, ки аз рӯи ихтисос фаъолият надоранд”.
Ба қавли оқои Ёдгорӣ, созмонҳои молии кӯмакрасон, аз ҷумла Бонки осиёии рушд ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, дар сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ислоҳот ворид кунад: “Ин пешниҳод ҳанӯз соли 2010 сурат гирифта буд. Ҳамин тавр, таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” моҳи майи соли 2012 шурӯъ шуда, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Шӯрои нозирони “Барқи тоҷик” бо роҳбарии сарвазир таъсис ёфт”.
Сухангӯи “Барқи тоҷик” меафзояд, тибқи нақша таҷдиди ширкат бояд то соли 2018 амалӣ гардад.