Бузургтарин масҷиди Аврупо бо ҳузури Владимир Путин ифтитоҳ мешавад
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфтааст, дар маросими ифтитоҳи масҷиде дар шаҳри Маскав, ки дар Аврупо ҳамто надорад, иштирок хоҳад кард.
Тибқи иттилои нашрияи “Известия”, раисҷумҳури Русия дар мулоқоти ахири худ бо Равил Ғайнуддин, раҳбари Идораи мусулмонони ин кишвар аз тасмими худ барои иштирок дар ин маросим хабар дода, дастур додааст, ин масъаларо дар барномаи кории худ сабт кунанд.
Ифтитоҳи масҷиди марказии шаҳри Маскав рӯзи 23 сентябр, ки ба рӯзи Иди Қурбон, яке аз ду иди мусулмонон рост меояд, баргузор хоҳад шуд.
Масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав дар хиёбони “Мир”-и пойтахти Русия қомат афрохта, масоҳати он наздик ба 19 ҳазор метри мураббаъ дар шаш ошёна арзёбӣ мешавад. Ба иттилои Идораи муфтиёти Русия, ба ин маросим сиёсатмадорон ва чеҳраҳои шинохта аз кишварҳои исломию мусулмонон ҳузур хоҳанд дошт.
Манбаъ афзудааст, то ҳол намояндагони кишварҳои Туркия, Судон, Либия, Ироқ, Ҳиндустон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз омодагии худ барои иштирок дар ин маросим хабар додаанд. Масъулини Идораи муфтиёти Русия гуфтаанд, ба маросими ифтитоҳи масҷиди ҷомеи Маскав раҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Қатар, Кувайт, Фаластин, Урдун ва Арабистони Саудӣ ҳам даъват шудаанд. Аммо ахиран, як масъули Вазорати умури хориҷии кишвар гуфт, мактуберо бо ин мазмун дарёфт накардаанд.