Беҳушшавии кӯдак ҳавопаймои “Сомон Эйр”-ро аз Узбакистон баргардонд
Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”, ки субҳи имрӯз, 11-уми август дар хатсайри Душанбе-Маскав парвоз доштааст, аз нимароҳ-аз қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон баргаштааст.
Тавре Темур Бандишоев, сухангӯи ширкати “Сомон Эйр” ба “Озодагон” иттилоъ дод, далели бозгашти ҳавопаймо хуруҷи бемории як кӯдаки мубталои эпилепсия мебошад, ки ҳамроҳ бо табиб ба Маскав парвоз мекардааст: “Дар роҳ бемории кӯдак авҷ мегираду беҳуш мешавад ва табиб тасмим мегирад, ки бемор ҳарчӣ зудтар ба беморхона бурда шавад. Барои ин ҳавопаймо ба Душанбе баргашта кӯдак ба беморхона интиқол дода шуд”.
Бандишоев афзуд, ки ширкати “Сомон Эйр” аз мусофиронаш барои ин ҳолати ғайричашмдошт узр хост ва дар пайи интиқоли кӯдак ба беморхона ҳавопаймо соати 12:00 дубора ба самти Маскав парвоз намуд.