Манбаъ афзуд, шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузашта то ба соли 2008 истеҳсоли тилло дар ин мавзеъ, ба хусус дар ин корхонаи давлатӣ хеле коҳиш ёфта буд. Ин буд, ки бо ташаббуси ҳукумати кишвар моҳи октябри соли 2008 дар заминаи он корхонаи махсуси давлатии тиллои тоҷик таъсис дода шуда, зиёда аз 40 адад техникаю механизмҳои махсус харидорӣ гардид. Дар натиҷа истеҳсоли тилло аз нав рў ба афзоиш оварда, дар соли 2010 ба 320 кг расид. Имсол ин нишондод ба 500 кг хоҳад расид.Иттилоъ дода шуд, дар ин мавзеъ, ҳамчунин 5 корхонаи дигари хусусӣ, аз ҷумла артелҳои «Одина», «Союз-зар» ва «Помир» фаъолият доранд, ки онҳо низ истеҳсоли маҳсулотро сол ба сол афзоиш медиҳанд. Артели «Одина» соли гузашта 124 кг тилло ҷамъоварӣ намуда, имсол истеҳсоли онро 1,5 баробар афзоиш додааст.Дар як корхонаи давлатӣ ва 5 артели хусусии заршўӣ беш аз ҳазор нафар бо кор ва маоши миёнаи 1,5 ҳазор сомонӣ дар 15 рўзи корӣ таъмин гаштаанд. Ин корхонаҳо дар 9 моҳи соли равон ба андозаи 68 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, 60% воридоти андоз ба буҷети маҳаллии ноҳияи Ховалингро таъмин кардаанд.
Ҳамзамон, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бинои 3 – ошёнаи маркази ташхисию табобатии хусусии ҷамоати деҳоти Шугноб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби артели «Одина» бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо техникаю таҷҳизоти муосири ташхису табобат муҷаҳҳаз гардидааст.Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин марказ дар зарфи 1 соли оянда ба ҳамаи ниёзмандон ва минбаъд ба аҳолии камбизоат бепул хизмати тиббӣ расонда мешавад.Дар ин марказ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гаштаанд, ки 8 нафари онҳо табибони дорои таҳсилоти олӣ буда, 2,5 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.
Дар маркази ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг президенти ҷумҳурӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот,шириниҳои табиӣ, гулу гиёҳҳои бешумори шифобахш, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, нону кулча ва хўрокҳои лазизи занону духтарони кўҳистони тоҷик дидан кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳолии деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг бо иштироки масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод. Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар зарфи 2 соли оянда истеҳсоли солонаи тилло аз конҳои мавзеъи Шугноб ба 1 тонна расонда шавад.{jathumbnail off}