Ҳамоиши раҳбарони ҲНИТ дар Туркия ва эҳтимоли тағйироти кадрӣ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Шӯрои сиёсии ин ҳизб гуфтааст, барои баргузории анҷумани навбатӣ, ки яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар он интихоби раҳбари нави ҲНИТ аст, омодагӣ бинанд.
Тибқи иттилои торнамои расмии ҲНИТ, ин масъала дар ҷараёни сафари ҳайати Шӯрои сиёсии ин ҳизб ба шаҳри Истанбули Туркия, ки бо дархости Муҳиддин Кабирӣ сурат гирифт, дар миён гузошта шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Кабирӣ аз Шӯрои сиёсии ҲНИТ хостааст, аз ҳоло омодагӣ ба анҷумани навбатии ин ҳизбро шуруъ карда, “машваратҳо ва иртибот миёни роҳбарият ва масьулин дар бораи ислоҳот идома дода шавад”.
Ба гузориши торнамои расмии ҲНИТ, ҳайате аз Шӯрои сиёсии ин ҳизб бо дархости Муҳиддин Кабирӣ барои баррасии масоили муҳим, аз аз ҷумла, омодагӣ ба анҷумани навбатӣ, сиёсатҳои мақомоти давлатӣ нисбат ба ҳизб ва роҳҳои пешгирӣ аз фишору маҳдудиятҳо, инчунин, ислоҳоти эҳтимолии кадрӣ ва сохторӣ озими Истанбул шудаанд”.
Дар ҷаласаи Муҳиддин Кабирӣ бо ҳайати Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар Истанбул сиёсати сабру таҳаммул ва натоиҷи он баҳс шуда, таъкид гардидааст, “бисёриҳо зиёдшавии фишору маздудиятҳо болои ҳизбро натиҷаи сиёсатҳои сабру таҳаммули ҳизб медонанд, вале маҳз ҳамин сиёсатҳо боиси пешгирӣ аз фитна ва дасисаҳо буд, ки баъзеҳо тарроҳӣ мекарданд. Агар ҷое ин сиёсатҳо ба зарари ҳизб анҷом шуда бошад ҳам, дар умум ба нафъи кишвар ва миллат анҷом шудааст”.
Муҳиддин Кабирӣ аз аъзо ва масъулини ҲНИТ хостааст, ба фаъолияти худ дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунанда давом бидиҳанд: “Таъкид шуд, ки ҲНИТ мисли пешина фаъолияти худро дар дохил ва хориӣ барои пешгирии пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ қавитар намуда, бештар аз корҳои равшангароӣ байни муҳоҷирин ва ҷавонони дохил истифода намояд”.