Каромат Шарипов: Ҳамлагарони “Мулло Хайриддин” бо тоҷикӣ суҳбат кардаанд
Хайриддини Абдуллоҳ, мулаққаб ба “Мулло Хайриддин” як донишманди ҷавони умури дини тоҷик, ки шоми 7 август дар наздикии метрои “Рязанский проспект”-и Маскав мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт, ба шӯъбаи ҷарроҳии беморхона интиқол ёфтааст. Дар ин бора Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” хабар дод.
Оқои Шарипов, ки рӯзи гузашта ба аёдати “Мулло Хайриддин” рафтааст, мегӯяд, баъд аз ҷарроҳӣ ӯро аз шӯъбаи эҳёгарӣ ба шӯъбаи ҷарроҳӣ гузарондаанд ва вазъи сиҳатияш хуб аст. Хайриддини Абдуллоҳ дар суҳбат ба раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар мавриди ҳодисаи шоми 7 август нақл кардааст: “Ӯ гуфт, ки вақте аз метрои хиёбони Рязанск берун шуд ба вай ҳамла карданд. Ҳамлагарон ду нафар буда, бо тоҷикӣ суҳбат кардаанд. Яке аз ҳамлагарон бо корд ба ноҳияи шикамаш задааст, нафари дуюм аз пас ба ноҳияи гарданаш”.
Хайриддини Абдулло гуфтааст, ёд дорад, ки баъди ин ҳамла ба рақами телефони ҳамроҳи Каромат Шарипов занг зада, аз ин ҳодиса хабар додааст. “Хайриддин чеҳраи яке аз ҳамлагаронро дар хотир дорад”,-мегӯяд Каромат Шарипов.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки "Мулло Хайриддин” пайваста мавриди таҳдид қарор мегирифт ва ба таҳдидҳои телефонӣ, ки пайваста садо медоданд, одат карда буд: “Ахиран, вақте Русия ҷои фаъолияти эмиссарҳое шуд, ки муҳоҷирони тоҷикро ба Сурия ва Ироқ ҷалб мекунанд, таҳдидҳо зиёд шуд. Ва анна натиҷа. Мусалмон ба ҷони мусалмон қасд намуд”.
Моҳи марти соли 2012 низ Хайриддин мавриди латту кӯби афроди номаълум қарор гирифта буд.
Оқои Шарипов аз сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва сухангӯи сафир Муҳаммади Эгамзод барои бетараф набудан дар қазияи Хайриддини Абдуллоҳ изҳори сипос кардааст.
Хайриддини Абдуллоҳ дар гузашта роҳбарии идораи дину фарҳанги Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русияро бар уҳда дошт, аммо баъдан эълон шуд, ки аз ин мақом рафтааст.