АКС: Рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи саломатии Хайриддини Абдуллоҳ
Вазъи саломатии Хайриддини Абдуллоҳ, донишманди ҷавони тоҷик, ки мавриди ҳамлаи афроди номаълум дар Русия қарор гирифт, рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Ӯ шоми 7 августи соли равон дар наздикии метрои “Рязанский проспект”-и шаҳри Маскав, ки манзили зисташ онҷо мебошад, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, бо чанд захми корд ба беморхонаи ба номи Склифосовский интиқол ёфт.
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав аз сӯиқасди афроди ношинос ба ҷони Хайриддин Абдуллоев дар Русия шадидан ибрози нигаронӣ карда, аз пулиси Маскав хостанд, ба ин қазия зуд расидагӣ карда, омилони ҳамларо пайдо ва муҷозот кунанд.
Хайриддини Абдуллоҳ 30 сол дошта, раҳбарии Кумитаи дини Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русияро бар уҳда дорад. Ин бори дуюм аст, ки ӯ мавриди ҳамла қарор мегирад. Моҳи марти соли 2012 низ Абдуллоев аз сӯи афроди ношинос мавриди латтукӯб қарор гирифта буд.