Муҷозоти ронандаҳо барои мусофирбарии ғайриқонунӣ дар Душанбе
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду ронандаро, ки бе иҷозатнома дар шаҳри Душанбе ба мусофирбарӣ машғул шудаанд, дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 400 сомонӣ ҷарима бастааст.
Тибқи иттилои додгоҳ ронанда-К.У бо мошини шахсияш - «Хундай-Стракс» дар хиёбони Рудакии шаҳри Душанбе бе иҷозатномаи махсус ба кашонидани мусофирон машғул шуда, моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистонро вайрон намудааст. Инчунин ронандаи «Опел-Астра» низ дар кучаи Н. Қарабоев шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ба мусофирбарӣ машғул шудааст.
Манбаъ мегӯяд, додрас ҳар ду ронандаро дар нақзи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, онҳоро 400 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.
Ин дар ҳолест, ки мусофирон дар Душанбе аз мушкилоти зиёд дар умури нақлиёт, аз ҷумла риоя нашудани нархҳои муайянкардаи шаҳрдорӣ, тағйири хатсайрҳо ва ноуҳдабароии ронандаҳое шикоят мекунанд, ки аксаран бо рақамҳои сафед, бидуни иҷозатномаи махсус фаъолият доранд.