Садамаи 2-юми мудҳиш-14 кушта тайи 3 рӯз дар Помир
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 10-уми август дар пайи сарозер шудани мошини “Хундай-Галопер” ба дарёи Панҷ дар ноҳияи Ишкошим 5 нафар ба ҳалокат расида, худи ронанда бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ 10-уми августи соли ҷорӣ ронандаи 55-солаи сокини ноҳияи Ишкошим ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ширгин ба самти маркази ноҳияи Ишкошим, дар шоҳроҳи “Хоруғ-Ишкошим-Тузқул” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошин ба дарёи Панҷ чаппа шудааст: “Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур - марди 53-сола, марди 34-сола, марди 22-сола ва ҷавони 15-сола, сокинони ноҳияи Ишкошим дар дарё ғарқ шудаанд. Ронанда ва мусофири дигараш - марди 59-сола, сокини ҳамин ноҳия бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд, вале баъди чанд соат мусофири 59-сола низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Ин дар ҳолест, ки 7-уми август дар пайи сарозер шудани мошини “Опел-Астра” ба дарёи Панҷ дар Дарвоз 9 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 8 нафарашон узви як хонавода-занону кӯдакон будаанд.