(ВИДЕО) Барои пулу тилло: Раҳматовҳо дар қатли Бобоевҳо, Бурҳоновҳо ва... айбдор мешаванд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ҳувияти афродеро, ки дар куштори аҳли оилаи соҳибкори тиллофурӯш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-Аҳмадхӯҷа Бобоев ва саррофон аз шаҳри Хуҷанд- Бурҳоновҳо гумонбаранд, ошкор кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорат, ин афрод бародарон Муҳиддин ва Олим Раҳматовҳо аз шаҳри Хуҷанд мебошанд, ки дар содир кардани ҷиноятҳои дигар ҳамроҳи фарзандони худ низ муттаҳаманд.
Манбаъ мегӯяд, бародарон Раҳматовҳо рӯзи 2 июни соли 2013, тахминан соати 03:00 дақиқа тавассути девори ҳавлии ҳамсоя вориди манзили зисти соҳибкори инфиродӣ - шаҳрванд Аҳмадхуҷа Бобоев шуда, бо истифода аз силоҳи оташфишони “Калашников” соҳибхона – Бобоеву ҳамсараш – Ҳаётхони 39-сола ва фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола ва Суҳроб Бобоеви 15-соларо қатл карда, фарзанди хурдии хонавода – Санҷарбек Бобоеви 7-соларо дар ҳаммоми ин манзил маҳкам намудаанд ва тамоми ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф ва бо мақсади рӯйпуш намудани ҷиноят хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки бар асари сухтор фарзанди хурдии хонавода низ аз дуди оташ заҳролуд шуда, ба ҳалокат расид.
Дафтари матбуоти ВУД дар шарҳи қатли саррофон аз шаҳри Хуҷанд- Бурҳоновҳо афзудааст, “бародарон Раҳматовҳо давоми ду шабонарӯз реҷаи кории фаъолияти соҳибкор - Юлдош Бурҳонов ва писараш- Фарҳод Бурҳоновро омухтаанд ва рӯзи 28 декабри соли 2011 дар назди манзили зисташон дар кучаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд тавассути силоҳи “Калашников” ба онҳо ҳамла карда, баъди ба ҳалокат расонидани падару писар сумкаи варзишиеро, ки ҳомили беш аз 200 000 сомонӣ буд, тасарруф карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд".
Манбаъ мегӯяд, ин бародарон аз шаҳри Хуҷанд дар ҳамлаи мусаллаҳона ба Маҳмадалӣ Худойбердиеви 22-сола, писари соҳибкор Муъмин Худойбердиев аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо хариду фурӯши маҳсулоти тилловорӣ машғул буд, айбдор мешаванд. Ба иттилои манбаъ, бародарон Раҳматовҳо бо силоҳи оташфишони “Калашников” ва дар тан либоси низомии саҳроӣ ба писари соҳибкор ҳамла карда, аз бордони автомашинааш тамғаи “Хундаӣ” маснуоти заргариро ба маблағи умумӣ 485 000 сомонӣ тасарруф кардаанд, ки дар пайи ин ҳамла Муҳаммадали 22-сола аз ноҳияи дасти росташ ҷароҳат бардошта буд.
Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ин бародарон ҳамроҳ бо духтари Муҳиддин Раҳматов - Сарвиноз Раҳматоваи 22-сола, ки бо фурӯши маснуоти заргарӣ дар шаҳри Хуҷанд машғул буд, дар содир кардани ҷинояти дигар низ мутаҳаманд: “Дар асоси маслиҳати пешакӣ ва хабари телефонии Сарвиноз бародарон Раҳматовҳо аз мавҷуд будани ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи умумии 450 000 сомонӣ дар автомашинаи шахсии тамғаи соҳибкор - Ваҳобова Саодати 32-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров огаҳ шуда, бо роҳи шикастани шишаи дари воситаи нақлиёт ва кушодани бордони он маблағро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии кишвар аз содир шудани ҷинояти дигаре аз сӯи хонаводаи Раҳматовҳо хабар додааст. Манбаъ мегӯяд, Раҳматов Муҳиддин Ваҳобович, Раҳматов Қиёмиддин Олимович ва Раҳматов Адҳам Муҳиддинович рӯзи 20 июли соли равон дар кӯчаи Шӯрои шаҳри Хуҷанд тариқи ошкоро ва зӯроварӣ аз дасти соҳибкор - Қосимова Зеби 50-сола сумкаи занонаеро бо ҷавоҳирот ва маҳсулоти тиллоӣ ба маблағи умумии 33 000 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ҳоли ҳозир гумонбарон- Раҳматов Муҳиддин Ваҳобович, фарзандони ӯ - Раҳматов Адҳам ва Раҳматова Сарвиноз дастгир ва аз манзили зисти онҳо қисми далелҳои шайъӣ, аз ҷумла ҷавоҳироти тиллоӣ ва силоҳи “Калашников” бо 12 адад тири ҷангӣ дарёфт ва мусодира шудааст. Дар робита ба муайян ва дастгир намудани шарикони ин хонавода - Раҳматов Олими 44-сола ва Раҳматов Қиёмиддин Олимовичи 20-сола аз шаҳри Хуҷанд амалиёт идома дорад.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд низ бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ қазияи мазкурро шарҳ дод: