Беморе, ки дар бенаслияш табибонро айбдор мекунад, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят бурданист (ВИДЕО)
Муслиҳиддин Сафаралиев, сокини 32-солаи ноҳияи Ҳисор, ки табибони беморхонаи марказии ноҳияро сабабгори бенаслӣ ва хонавайронияш медонад, мегӯяд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят мебарад.
Оқои Сафаралиев, ки моҳи июни соли равон аз ин табибон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шикоят бурд, ҷавоби ин ниҳодро ноодилона мехонад. Дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар аризааш унвонии вазир хостори таҳқиқи фаъолияти яке аз табибони беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор шуд, ки ба иддаои вай маҳз табобати нодурусташ боиси заъфи нерӯи мардӣ ва бенаслии ӯ шуд: “Дар ҷавоби вазорат гуфта мешавад, ки тавсияи додаи табиб аз рӯи нишондод буда, ду маротиба истеъмоли финлепсин ва як маротиба истифодаи фенобарбитал дар як рӯз ба безурётӣ оварда намерасонад”.
Муслиҳиддин Сафаралиев ба посухи вазорат розӣ нест ва мегӯяд, чанд сол мешавад, дар ин беморхона табобат гирифта, бемориаш онҷо сар задааст. Ба қавли ин сокини ноҳияи Ҳисор ҳоло қасд дорад, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят барад.
Муслиҳиддин Сафаралиев 13 июн дар мулоқоти рӯбарӯ бо вазири тандурустии кишвар аз табибони беморхонаи марказии ноҳия шикоят карда, хостори расидагӣ ба қазияаш шуда буд. Ӯ баъди ин мулоқот ба дафтари “Озодагон” омада гуфт, табобати нодурусти табибон боиси заъфи нерӯи мардӣ ва бенаслияш шудааст. Ӯ гуфт, ду ҳамсари қаблияш ӯро тарк карданд ва феълан бори сеюм хонадор шудаасту то ҳол фарзанд наёфтааст: “Соли 2004-ум буд, бо табларза ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор рафтам. Гуфтанд эпилепсия дорӣ ва дору таъин карданд. Баъди сӯзандоруҳои фармудаи табибон саломатиам вазнин шуд, ҷигар ва узвҳои мардӣ варам карданд. Духтур гуфт, ки ин аз ҳисоби кори вазнин ё нодуруст хоб кардан шудааст”.
Вай афзуд, баъди чанд соли табобати бенатиҷа дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор, беҳбудиеро дар саломатиаш наёфта, барои муайян кардани дардаш ба беморхонаи рақами яки шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст: “Дар беморхонаи шаҳрӣ духтурон гуфтанд, чӣ доруеро истифода мебарӣ, ки қувваи мардиатро суст карда, боиси шусташавии витаминҳои магний, калтсий, оҳан ва ғайра аз бадан гаштааст ва он ба безурётӣ оварда мерасонад”.
Сафаралиев афзуд ба беморхонаю пажуҳишгоҳҳои дигар низ муроҷиат кардааст ва муътақид шудааст, ки сабабгори бадбахтиҳояш табобати нодуруст дар беморхонаи марказии ноҳяи Ҳисор аст: “Ба муовини сардухтури ноҳияи Ҳисор ҳама асли воқеаро фаҳмонидам. Ӯ гуфт, ҳамон ампулҳое ки туро укол кардаанд биёр, баъд бовар мекунем. Аммо дар ин миён 11 сол гузашт, ман аз куҷо меёбам он ампулҳоро. Гуфтам минбаъд баъди ҳар бори сӯзандору карданам, ампулҳоро ҷамъоварӣ мекунам, ки даркор мешудаанд...”
Муслиҳиддин Сафаралиев мегӯяд, баъди расонаӣ кардани шикояташ Хадамоти назорати тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои таҳқиқ ба Ҳисор рафтаанд: “Ман пурра ҳолатро ба намояндаи вазорат нақл кардам, ӯ аз ман пурсид, ки чӣ кор кунам? Гуфтам табибро аз кор озод ва тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашед. Аммо баъд аз як суҳбати кӯтоҳи роҳбари табиб, корманди вазорат аз фикраш гашта, гуфт, ман сардори инҳоро ҷарима мекунам, шумо худатон муомила кунед - ё табобат мекунад ё пули табобататро медиҳад”.
Оқои Сафаралиев мегӯяд, баъди ин табиб ӯро ба беморхонаи Қарияи боло барои ташхис овард: “Дар натиҷаи ташхис як бемории дигар нишон дода шуд ва ҷарроҳии фаврӣ фармуданд, вақте ба “Медгородок” барои ҷарроҳӣ рафтам, ташхиси Қарияи болоро рад карда гуфтанд, ниёз ба ҷарроҳӣ надорӣ, дарди ту дигар аст”.