Мансаби нави Ҳамрохон Зарифӣ, Файзулло Холбобоев ва...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 10-уми август Ҳамрохон Зарифиро, ки аз соли 2006 то 2013 вазири умури хориҷии Тоҷикистон буд, сафири нав дар Ҷопон таъин намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, инчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Холбобоев Файзулло Самадович сафири Тоҷикистон дар Украина таъин гардидааст. Файзулло Холбобоев то ҳол намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ, Намояндаии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Евразия буд.
Дар баробари ин, Бобозода Ғуломҷон Ҷӯра аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷопон ва Султонов Шӯҳрат Музафарович аз сафирӣ дар Украина сабукдӯш шудаанд.