“Муаллим”-и Носир Саидов дар Ҷашнвораи филмҳои мусалмонон намоиш дода мешавад
Ду филми тоҷикӣ ба 11-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонони Қазон роҳ ёфтааст.
Кумитаи тадорукоти ҷашнвора мегӯяд, имсол Тоҷикистонро филмҳои “Муаллим”-и коргардон Носир Саидов ва филми кутоҳи “Гунҷишки сафед” (Белый воробушек)-и коргардон Диловар Султонов дар фестивал намояндагӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, барои иштирок дар ҷашнвора 700 филм пешниҳод шуда, тибқи нишондоди комиссияи интихобии ҷашнвора танҳо 50 филм ҳаққи намоишро пайдо кардааст.
Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонон аз 5 то 11 сентябр дар Қазон баргузор шуда, барои дарёфти ҷоизаи фестивал 50 филм аз 25 давлат намоиш дода мешавад.
Филми “Муаллим”-и Носир Саидов ба қатори 10 филми асоии ҷашнвора -- “Курманжан Датка. Королева Гор”-и Содиқ Шерниёз (Қирғизистон), “Рыба”-и Дервиша Заима (Туркия), “Рудолф Нуриев. Рудик”-и Фарида Давлетшина (Русия), “Лицо в пепле”-и Шахавана Идрис (Ироқ), “Бидуни марз ”-и А.Асғарӣ (Эрон), “Имена неизвестны”-и Биджу (Ҳиндустон), “Колодец”-и Мансур Васати (Узбакистон), “Побег из Москвабада”-и Дари Полторатский (Русия) ва “Муравьиная история”-и М.С.Фаруки (Бангладеш) шомил шудааст.
Филми “Гунҷишки сафед”-и Диловар Султонов бошад, дар баробари филмҳои кӯтоҳи ҷашнвора намоиш дода мешавад. Аз Осиёи Марказӣ танҳо аз Тоҷикистон ду филм ба намоиш роҳ ёфтааст. Қирғизистону Узбакистонро яктоӣ филм намояндагӣ мекунад.