Иршод СУЛАЙМОНӢ
60-умин солгарди рӯзи таваллуди профессор Сафар Абдуллоҳ, адабиётшиносу ховаршиноси тавоно ва тарҷумону шоири тоҷики муқими Қазоқистон дар зодгоҳаш -- деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент таҷлил шуд.
Дар ин маҳфил теъдоде аз шахсиятҳои фарҳангии тоҷик, донишмандони хориҷ, рӯзноманигорон, ҳамсабақону дӯстон, устодони мактабӣ ва пайвандону ҳамдиёрони Сафар Абдуллоҳ иштирок доштанд, вале аз мақомоти давлатии на сатҳи ҷумҳурӣ, на вилоят ва на шаҳри Панҷакент касе ҳузур надошт.
Маросими расмии маҳфили гиромидошти 60-умин солгарди Сафар Абдуллоҳ аз зиёрати мазори сардафтари адабиёти форсу тоҷик -- Абӯабдуллоҳ Рудакӣ дар зодгоҳи шоир, деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент оғоз шуд. Дар сари мазори Рӯдакӣ баъд аз тиловати ояҳои Қуръон зоирин ва меҳмонон “рӯдакихонӣ” намуданд, баҳсу баррасиҳое перомуни ашъор ва арзишҳои кору пайкори Рӯдакӣ ва дигар масъалаҳои фарҳангу адаб сурат гирифт.
Дар истироҳатгоҳи Куррабанди деҳаи Артуч меҳмонон ва иштирокдорони маҳфили 60-умин солгарди таваллуди Сафар Абдуллоҳ зимни суханронӣ аз эшон ба унвони як донишманди тавонои тоҷик ва олами муосир, фидоии фарҳанг ва тамаддуни форсӣ, ифтихорофарини ҳавзаи тамаддуни форсӣ, сафири фарҳангии адабиёти форсӣ дар Дашти Қипчоқ ва кишварҳои пасошуравӣ ва профессори пуркор ном бурданд.
Дар маҳфил баъзе аз ҳамсабақону устодони даврони мактабии Сафар Абдуллоҳ дар мавриди пазируфтани Сафар Абдуллоҳ ба узвияти Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва сазовори нишони тилои “Ваҳдат”-и Анҷумани мардумони Қазоқистон, ки раҳбарии онро Нурсултон Назарбоев, президенти ин кишвар бар душ дорад, ёдрас шуда, бо таассуф изҳор карданд, ки хадамоти арзишманди ин донишманди пуркори тоҷик дар ватанаш ба таври расмӣ қадрдонӣ нашудааст.
Қаблан, 60-солагии Сафар Абдуллоҳро дар Қазоқистон ва Эрон низ ба таври расмӣ таҷлил карданд. Таҷлили 60-умин солгарди Сафар Абдуллоҳ дар зодгоҳаш ба фарқ аз мавридҳои таҷлили зодрӯзаш дар Қазоқистон ва Эрон дар доираи дӯстону ҳамкоронаш баргузор шуд. Дар Қазоқистон ва Эрон 60-солагии эшон ба таври расмӣ, бо иштироки намояндаҳои расмии ин давлатҳо, шахсиятҳои саршиноси илму адаб сурат гирифт. Аз ҷумла Конуни адабиёти Эрон ё Иттиҳодияи нависандагони ин кишвар бо баргузории маросими бузургдоште бо номи “Ватани форсӣ” барои доктор Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, аз хидматҳои ӯ барои густаришу тарвиҷи забони форсӣ ситоиш карда буд. Дар ин ҳамоиш Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ таъкид намуд, ки “Сафар Абдуллоҳ девори муҳками забони форсӣ дар Осиёи Миёна аст”.
Як масъули Пажуҳишгоҳи забону адаби форсии Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар Тоҷикистон зимни ёдоварӣ аз тадқиқот ва корҳои пурарзиши Сафар Абдуллоҳ дар заминаи эроншиносӣ ва забону адабу тамаддуни форсӣ ба Сафар Абдуллоҳ лавҳаи узвияти Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва лавҳаи табрикотии Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистонро супурд.
Худи Сафар Абдуллоҳ дар ин маҳфил зимни ташаккур аз ҳузур ва суханрониҳои меҳмонон ва ибтикороти хонавода ва ҳамдиёронаш барои таҷлили 60-умин солгардаш дар зодгоҳ гуфт, барои тарвиҷ ва рушди фарҳангу адаб ва ормону худогоҳии миллӣ ҳамеша талош кардааст ва агар имкону тавоне ҳам дошта бошад дар оянда низ барои ин ҳадафи куллӣ талош хоҳад кард.
Сафар Абдуллоҳ аз шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ ва илмиву сиёсии Тоҷикистон буда, соли 1955 дар деҳаи Артучи Панҷакент зода шуда, фориғуттаҳсили риштаи забону адаби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва давраҳои коршиносӣ ва аспирантураи Институи адабиёти ҷаҳони вобастаи Акадимии улуми Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар ҳамин пажуҳишгоҳ поённомаи худро таҳти унвони “Сунани ҳаммосаҳои миллӣ дар шеъри муъосир” дифоъ намудааст. Солҳои 1984-1991 устоди институти Адабиёти вобастаи Иттиҳодияи нависандагони Шӯравӣ буд ва ҳамчунин устод дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, корманди калони илмии Институти забон ва адабиёти Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва баъдан кормандои Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд. Сафар Абдуллоҳ яке аз фаъолони ҳаракатҳои фарҳангӣ ва сиёсии оғози солҳои 90-уми Тоҷикистон буд ва бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 ба Қазоқистон ҳиҷрат кард ва то кунун онҷо зиндагӣ ва кор мекунад.
Сафар Абдуллоҳ аз ҷумлаи шахсиятҳои камназирест, ки дар бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар хидмати мондагор мекунад. Ӯ профессори Донишгоҳи забонҳои ҷаҳон ва равобити байналмилалии ба номи Абилайхони Қазоқистон, бунёдгузор ва сардабири фаслномаи “Эроннома” ба забони русӣ ва ҳамчунин мудир ва сардабири нашриёти “Китобхонаи Олҷас” буда, беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳонро дар ин нашриёт ба чоп расонидааст.
Сафар Абдуллоҳ муаллифи даҳҳо асари пурарзиши илмӣ ва адабӣ монанди “Нури сухан”, “Магические мосты”, ”Магия Слова”, “Муъҷизаи Наврӯз” , “Марсияи Хуршед” , “Рӯшаноии сухан” “Фарҳанги тахассусии русӣ форсӣ ва форсӣ русӣ” , ”Каталог персоязычных рукописей“ ва ғайра мебошад. Бо талоши ӯ дар нашриёти “Китобхонаи Олҷас” дар қатори беҳтарин осори суханварони ҷаҳон, гузидаи чанд шоиру нависандаи тоҷик монанди Муъмин Қаноат, Темур Зулфиқоров ва Баҳманёр ба чоп расидааст.