Садама дар Дарвоз: Ҳалокати ронанда, 4 кӯдак ва 4 зан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи сарозер шудани мошини “Опел-Астра” ба дарёи Панҷ дар роҳи Душанбе-Бадахшон 9 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 4 нафарашон кӯдак будаанд.
Тибқи иттилои манбаъ 7-уми август тақрибан соати 23:45-дақиқа, Ҷумъаев Мамадамонулло, ронандаи 34-сола аз деҳаи Ширги ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат дар километри 319-уми шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт-“Опел-Астра” набаромада, ба тарафи рости роҳ аз баландии 12 метр ба дарёи Панҷ чаппа шудааст: "Дар натиҷа худи ронанда ва мусофиронаш - Воҳидова Оиниссо соли таваллудаш 1984, Ҷумъаева Ҳабиба соли таваллудаш 1976, Сурхова Раҳима соли таваллудаш 1982, сокинони шаҳри Душанбе, Шокирова Садбарг соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Шаҳринав, Мансури Адабҷон соли таваллудаш 2011, Наргисаи Умар соли таваллудаш 2012, Фотимаи Диловар соли таваллудаш 2014 ва Умедаи Диловар соли таваллудаш 2009, сокинони шаҳри Душанбе дар дарё ғарқ шудаанд”.