Кӯлоб: Духтари ноболиғ дар латукӯби марди 26-сола муттаҳам мешавад
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як духтари ноболиғ, сокини шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрии шабона ҷавонмарди 26-соларо маҷруҳ кардааст.
Тибқи иттилои ВКД ин духтари 17-сола рӯзи 7-уми августи соли равон тақрибан соати 21:30 дар маҳаллаашон бо ҷавонмарди 26-солаи сокини Кӯлоб мулоқот доштааст: “Ҳангоми мулоқот миёни онҳо муноқиша сар задааст ва духтар бо қайчии дар дасташ буда ба сару рӯи ҷавонмарди 26-сола зада, зарари ҷисмонӣ расондааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.