Абдуллозода: Телевизиони варзишӣ то 6 ноябр фаъол мешавад
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, телевизиони варзишии Тоҷикистон то ду моҳи дигар фаъол хоҳад шуд.
Ҷаноби Абдуллозода имрӯз, 8 август дар ҷараёни давраи омӯзишии хабарнигорони риштаи варзиш дар шаҳри Душанбе гуфт, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон телевизиони варзишӣ бояд то шашуми ноябри соли равон фаъол шавад. Ӯ афзуд, ҳоло сохтмони бинои ин шабака идома дорад.
Хабари фаъол шудани телевизиони варзишӣ дар ҳолест, ки ахиран сару садоҳо дар бораи таъсиси як чунин шабакаи ғайридавлатӣ баланд шуда буд.