10 ҳазор барои ҳар варзишгаре, ки ба Олимпиада-2016 роҳхат мегирад
Ба ҳар варзишгари тоҷик, ки роҳхати Бозиҳои олимпии Бразилияро ба даст меорад, 10 ҳазор сомонӣ дода мешавад. Ин нуктаро Баҳрулло Раҷабов, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон изҳор дошт.
Оқои Раҷабов имрӯз, 8 август зимни давраи омӯзишие барои хабарнигорони риштаи варзиш гуфт, ин маблағ як навъ ҳавасгардонии варзишкорони тоҷик мебошад. Ӯ афзуд, рӯзҳои наздик ба гурзандоз – Дилшод Назаров, ки аввалин шуда, роҳхати олимпиро соҳиб шуд, 10 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад.
Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, умед доранд, ҳамаи 15 варзишгар, ки шомили яккачини олимпии Тоҷикистонанд, роҳхати Бозиҳои Бразилияро ба даст меоваранд: "То оғози бозиҳо як сол фурсат ҳаст ва умед дорем, дар панҷ навъи варзиш соҳиби роҳхат мешавем".
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон моҳи сипаришуда дар нишасти хабарие гуфт, барои омодагии тими мунтахаби Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ аз буҷаи давлатӣ наздики 700 000 сомонӣ ҷудо гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, назорати ин маблағҳо бар души гуруҳи кориест, ки раҳбарии онро раиси кумита бар уҳда дорад.