Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зери қонун “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ахиран аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардида, вакилони Маҷлиси миллӣ низ онро ҷонибдорӣ карданд, имзо гузошт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон оқои Раҳмон қонуни мазкурро дирӯз, 7 август имзо кардааст.
Рӯзи 24 июни соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, қонуни конститутсионӣ “Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон” дар таҳрири навро қабул карданд. Он замон Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени тоҷик зимни муаррифии лоиҳа гуфт, мақсади лоиҳа танзими ҳамаҷонибаи масъалаҳои шаҳрвандӣ буда, принсип ва шартҳои тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Тоҷикистонро муайян месозад.
Зариф Ализода, иброз дошта буд, тибқи ин лоиҳаи қонун афроде, ки забони давлатиро намедонанд ё дар таъқиби ҷиноӣ қарор доранд, ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул намешаванд. Номбурда гуфт, фарзандхон кардани кӯдаки шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун асос барои пешниҳод кардани имтиёз ҷиҳати қабули шаҳрвандии Тоҷикистон аз лоиҳаи ин қонун дар таҳрири нав хориҷ карда шуд, зеро ба қонунҳои амалкунанда мухолифат мекунад.
Омбудсмени тоҷик қайд намуд, ҷиҳати пешгирии бешаҳрванд гаштани кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо низ як қатор меъёрҳои нав дар ин лоиҳа пешбинӣ шудааст.
Дафтари матбуоти президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар баробари қонун “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чанд қонуни дигар, аз ҷумла қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ”-ро имзо кардааст.