12 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ кардаанд
Раёсати хадамоти федеролии судиҷрочиёни вилояти Ярослав аз ихроҷи 12 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Русия хабар додааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод, сабаби депорти шаҳрвандони Тоҷикистонро нақзи низоми муҳоҷират гуфтааст.
Ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия аз як миллион бештар аст.