АКС: Машқи бадани Э.Раҳмони 63-сола ва дигар президентҳо - дар рӯйхати серхонандатарин хабарҳо
Гуруҳи хабарии “АКИpress” матлаб дар бораи машқи бадани сиёсатмадорҳои сатҳи олии Осиёи Миёна, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар феҳристи серхонандатарин хабарҳои моҳи июл қарор додааст.
Дар ин матлаб, ки ба ҳаштгонаи серхонандатаринҳо ворид шудааст, таъкид гардидааст, ки Эмомалӣ Раҳмони 63-сола аз миёни намудҳои гуногуни варзиш бештар ба теннис ва футбол таваҷҷуҳ дорад. Гузоришгарон афзудаанд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ба намудҳои варзиши миллии тоҷикон, аз ҷумла куштӣ шавқ дорад: “Эмомалӣ Раҳмон мунтазам бо таъкиди аҳамияти тарзи ҳаёти солим ҷавононро ба варзиш даъват мекунад”.
Инчунин дӯстдори варзиш будани Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон зикр шуда, таъкид гардидааст, ки замони раҳбарияш дар вилояти Суғд маъракаҳои густурдаи варзишӣ ташкил мекард.
Гузоришгарон дар мавриди Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон изҳор доштаанд, ки дар бораи шуғлаш ба варзиш иттилоеро дарёфт накардаанд: “Ба масоили варзишӣ дар Узбакистон бештар сарвазир Шавкат Мирзоев машғул аст”.
Аз Темир Сариев, сарвазири 51-солаи Қирғизистон ҳамчун варзишгари хуб зикр шудааст, ки дар рӯзи кормандони тиб дар пойгаҳи велосипедронӣ иштирок кардаасту инчунин вазъи хуби ҷисмонияшро намоиш додааст.
Ба иттилои гузоришгарон Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури 75-солаи Қазоқистон бештар ба теннис, голф, аспдавонӣ, лижаронӣ ва воллейболу футбол таваҷҷуҳ дорад.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, ҷавонтарин раисиҷумҳур дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ҳамагӣ 57 сол дорад, бисёр ҷоизаҳои варзиширо ба даст овардааст. Ба гуфтаи гузоришгарон Бердимуҳаммедов ба аспсаворӣ, велосипедсаворӣ, мотосикли обӣ, моҳидорӣ ва пойгаи мошинҳо таваҷҷуҳ дорад: “Моҳи апрели соли 2013 бо аспи шахсияш дар пойгаи аспдавонӣ ҷои якум ва 11 миллион доллар ба даст овардааст”. Ӯ ҳамчунин мухлиси дастаи футболи “Рубин”-и Қазон буда, моҳи апрели соли 2012 бо мошини Volkicar-и туркӣ дар пойгаи мошинҳо соҳиби ҷои якум шудааст.