"Ал-Қоида" ба гуруснагони Сомалӣ ғизо тақсим кард
Намояндаи баландмақоми шабакаи «Ал-Қоида» ба сокинони Сомалӣ, ки дар минтақаи таҳти назорати ҳаракати "Ал-Шабаб" қарор доранд, кӯмак расондааст, хабар медиҳад BBC News.
Тибқи иттилои манбаъ ин нафарро Абу Абдулло Алмузаҷир муаррифӣ намудаанд ва он тақрибан ба чор ҳазор гуреза, ки дар 50-километрии пойтахти Сомалӣ шаҳри Магадишо ба сар мебарад, орд, биринҷ, равған ва шир тақсим кардааст. Ба ҷуз аз маводи ғизоӣ ин афроди ниёзманд китоби Қуръон, ҳиҷоб ва ҳудуди 17 ҳазор доллари нақд дарёфт кардаанд.
Гуфта мешавад, ин нахустин маротиба аст, ки "Ал-Қоида", ки созмони террористӣ муаррифӣ мешавад, дар қаламрави кишварҳои Африқоӣ ба аҳолии ниёзманд кӯмак мерасонад.
Тибқи иттилои СММ ҳудуди 750 ҳазор сокини Сомалиро бо иллати гуруснагӣ марг таҳдид мекунад. {jathumbnail off}