Ротатсия: Р. Эмомалӣ ҷойи 166 кормандашро иваз кард
Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз фасод дар ниҳоди зертобеяш ротатсия ё худ ҷойивазкунии кормандонро амалӣ намудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод то 6-уми августи соли равон ҷойи кори 166 корманд ва мансабдори Оҷонсии зидди фасод иваз карда шуд: “Ин иқдом бо назардошти тавсияҳои комиссияи аттестатсионӣ ва бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии кормандон ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва муовиқи талаботи Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд”.
Ҷойивазкунии кадрҳо дар пайи аттестатсияе сурат гирифт, ки ахиран боиси аз кор озод шудани 56 масъули Агентӣ гардид. Ин ниҳод мегӯяд, аттестатсия баъди интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сиёсати кадрии раҳбари пешини ин ниҳод роҳандозӣ шуд.
Манбаъ мегӯяд, дар асоси супоришҳои президент, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон баён гардидаанд, роҳбарияти Агентӣ бо ташкили ду комиссияи салоҳиятнок ва ҷалби мутахассисон аз Дастгоҳи иҷроияи президент, Палатаи ҳисоб, Агентии хизмати давлатӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кормандонашро мавриди санҷиш қарор дод: “Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи аттестатсияи мазкур дар он буд, ки ҳангоми гузаронидани аттестатсия воситаҳои аёнӣ истифода мешуданд. Баромади ҳар як аттестатсияшаванда ба навор гирифта шуда, малакаи кории онҳо бо компютер амалан мавриди санҷиш қарор мегирифт”.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, аттестатсия 79 хизматчии давлатии соҳаи назорати давлатии молиявӣ ва 309 корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентиро фаро гирифт: “Мувофиқи хулосаи комиссияҳои аттестатсионӣ 16 хизматчии давлатии самти назорати давлатии молиявӣ ва 40 корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ дониста шуда, аз мансабҳои ишғолкарда озод ва аз мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд”.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи феврали соли равон аз сиёсати кадрӣ ва зуд-зуд иваз шудани масъулини ин ниҳод интиқод намуда, таъкид кард, ки ба интихоби кормандони болаёқат таваҷҷуҳи бештар диҳанд. Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷаласа аз коргарони ин ниҳод шадидан интиқод намуда, изҳор дошт, ки худашон даст ба фасод мезананду бо корхонаҳое, ки мавриди санҷиш қарор медиҳанд, вориди савдо мешаванд: “Ман медонам, инҳо ба чӣ кор машғуланд. Он қадар шумораатон зиёд нест. Агар ҳамин стили кориятон бошад, ин сохторро барҳам медиҳам. Қисматон барои худатон кор карда истодаед, проблема эҷод карда истодаед. Вақте корманди Агентии зидди коррупсия худ даст ба коррупсия мезанад, ин чӣ гуна сохтор асту чӣ гуна методи қабули кормандон аст?”