Талаби Рамазон Раҳимзода аз кормандони “Шаҳри бехатар”
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аснои боздид аз “Шаҳри бехатар” аз масъулин иҷрои вазифаҳояшонро “бо дарки баланди масъулиятшиносӣ” талаб кардааст.
Торнамои расмии ВКД мегӯяд, оқои Раҳимзода имрӯз, 7 август аз Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт мавсум ба “Шаҳри бехатар” дидан кардааст: “Рамазон Раҳимзода зимни шиносоӣ бо фаъолият ва суҳбат бо кормандони Маркази “Шаҳри бехатар” аз ҳар кадоми онҳо талаб намуд, вазифаҳои ба зимма доштаашонро бо дарки баланди масъулиятшиносӣ иҷро намуда, дар доираи талаботҳои қонуну қоидаҳои амалкунандаи кишвар фаъолият намоянд”.
Ба иттилои манбаъ, вазир инчунин таъкид кардааст, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи интизомнокии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ намудани садамаҳои нохуши нақлиётӣ, ҳифзи тартиботи чамъиятӣ ва ба танзим даровардани истифода ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ, махсусан кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе фаъолият пурзӯр карда шавад: “Вазири корҳои дохилӣ барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод”.
Тарҳи “Шаҳри бехатар” дар Душанбе бо харҷи 22 миллион доллар амалӣ шуд, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар нишасти хабарии ахираш гуфт, баъди ба фаъолият шурӯъ намудани камераҳои мушоҳидавӣ дар роҳҳои пойтахт, дар баробари кам гардидани қонунвайронкунӣ, инчунин сатҳи садаманокӣ дар роҳҳои нақлиётгард низ коҳиш ёфтааст. Ба қавли Раҳимзода, вазъи рух додани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳое, ки камераҳои мушоҳидавӣ насб шудаанд, нисбат ба солҳои пеш 30 фоиз коҳиш ёфтааст: “Агар дар 6 моҳи соли 2014, 66 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар ҳамин давраи соли равон 49 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Яъне бартарӣ ва самаранокии фаъолияти Шаҳри бехатар ба назаррас расида, мебинем, ки сатҳи садаманокӣ сол аз сол коҳиш меёбад”.
Ба иттилои вазири умури дохилӣ, тавассути имкониятҳои Маркази “Шаҳри бехатар” 1820 ҳолати тамбашавӣ дар роҳҳо ва 247 ҳолати баҳси ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бартараф шуда, зиёда аз 140 ҷиноят, 6800 ҳолатҳои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ошкор ва 767 воситаҳои нақлиёти дар кофтуков қарордошта, боздошт шудаанд.