“Рейд”-и якрӯза: Аз мошинҳои сиёҳшиша то суҳбат бо ришдорҳо
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рейди якрӯза дар Душанбе иттилоъ дод, ки бо супориши вазир-Рамазон Раҳимзода аз соати 8:00 то 00:00-и 6-уми август гузаронда шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод зимни амалиёт дар маҷмуъ 266 ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ-аз ҷумла 13 мошин бо шишаҳои сиёҳи ғайриқонунӣ, 52 ронандаи беҳуҷҷат, 66 воситаи нақлиёт бе санҷиши техникӣ, 12 ҳолати истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми идораи воситаи нақлиёт, 6 ҳолати итоат накардан ба милиса ва дигар қонунвайронкуниҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол манобеи "Озодагон" мегӯянд, амалиёти ВКД на танҳо дар роҳҳои Душанбе, балки дар бархе бозору ҷойҳои ҷамъиятӣ низ сурат гирифтааст, ки зимни он милисаҳо асосан бо мардони ришдор суҳбат оростаанд, ки аксаран бо риштарошии мусоҳибҳо анҷом ёфтааст.
Ҳолатҳои қонунвайронкунии ошкоргардида зимни “рейд”-и якрӯза дар роҳҳои Душанбе:
Идора намудани воситаи нақлиёт бо оинаҳои сиёҳшиша -13
Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ-52
Истифодаи воситаи нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ-5
Истифодаи воситаи нақлиёт бе рақами қайди бегона -4
Итоат накардан ба талаботи корманди милитсия -6
Ба амал овардани вазъияти хавфнок-1
Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо-1
Истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт-12
Вайрон намудани қоидаҳои манёвркунӣ-5
Носозии техникӣ -2
Идора намудани воситаи нақлиёте, ки аз санҷиши техникӣ нагузаштааст-66
Суғуртаи ҳатмии давлатӣ-2
Бе иҷозати дахлдор идора кардани воситаи нақлиёт бо гази моеъ-5
Таваққуф намудан дар маҳали истиқоматӣ-3
Интиқоли одамон-8
Намуди зоҳирӣ-6
Навиштаҷоти ғайрирасмӣ реклама-3
Вайронкунии дигар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ-65