“Coca-Cola Beverages Tajikistan” 100 миллион литр нӯшокии ғайриспиртӣ истеҳсол мекунад
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) бунёди корхонаеро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад, ки солона 100 миллион литр нӯшокии ғайриспиртӣ истеҳсол хоҳад кард. Масъулини ин бонк дар иттилоияе, ки имрӯз, 7 август унвонии “Озодагон” расид, гуфтаанд, корхонаи мазкур бахши ширкати туркии “Coca-Cola Icecek” мебошад, ки бунёди он 44,7 милли евро ҳазина дорад.
Дар иттилоияи ин ниҳоди молиявӣ гуфта мешавад, корхона зери унвони “Coca-Cola Beverages Tajikistan” дар минтақаи наздик ба шаҳри Душанбе бунёд шуда, солона 100 миллион литр нӯшокии ғайриспиртӣ истеҳсол хоҳад кард.
Тибқи гузориши таҳлилгарони Бонки аврпуоии таҷдид ва рушд бозори нӯшокиҳо дар Тоҷикистон вақтҳои охир рушди устувор дорад, вале ҳанӯз нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ кам мебошад: “Ин аз он дарак медиҳад, ки барои рушди минбаъда аз зарфияти бузурге бархурдор аст”.
Дар иттилоияи ин бонки аврупоӣ таъкид мешавад ширкати туркии “Coca-Cola Icecek” яке аз ҳамкорони муваффақи онҳо ба шумор рафта, ҳоло дар бозори нӯшокии Қазоқистон ва Туркманистон мақоми хосеро дорост.
Ин дар ҳолест, ки Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон аснои нишасти хабарие дар моҳи январи соли равон гуфт, корхонаи истеҳсоли "Кока-кола" дар мавзеи мавсум ба Политехникуми шаҳри Душанбе дар ҷои собиқ заводи арматур бунёд хоҳад шуд. Оқои Қосим афзуд, сохтмони корхона дар ду марҳила ҷараён мегирад: “Марҳилаи аввал бо ҷалби 20 миллион доллар ва марҳилаи дуюм бо ҷалби 30 миллион доллар анҷом шуда, дар марҳилаи аввал 200 ҷои корӣ ва дар марҳилаи дуюм ташкил шудани то 500 ҷои корӣ дар назар аст”.
Қодири Қосим он замон гуфта буд, бунёди корхонаи Кока-кола, ки яке аз брендҳои машҳури ҷаҳон аст, обрӯву нуфузи Тоҷикистонро барои ҷалби сармоя бештар хоҳад кард.