Сафари дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои анҷоми як сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Туркманистон меравад.
Тавре аз Вазорати умури хориҷии кишвар ба “Озодагон” хабар доданд, ин боздиди Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 август дар назар буда, ӯ 20 моҳи ҷорӣ ба Душанбе бармегардад.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафар бо ҳамтои туркмани худ - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард: “Раҳбарони Тоҷикистону Туркманистон робитаҳои дуҷониба ва масоили мубрами минтақавиро баррасӣ мекунанд”.