Анҷумани Иттифоқи журналистон ба кори худ оғоз кард
Анҷумани 11-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), ки дар толори бинои муҷтамаи табъу нашри «Шарқи Озод» дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард, бо лаҳзаи ёдбуди аъзои фавтидаи ин ниҳоди хабарнигорӣ ҷараён гирифт.
Қарор аст, дар анҷумани навбатии ИЖТ вакилон ва аъзои он мушкили риоя гардидани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ, масоили омода намудани кадрҳои рӯзноманигорӣ дар муассисаҳои олӣ, риояи озодии сухан ва тамоюли нақзи ҳуқуқи хабарнигорон, мушкилоти эҷоди нашрияҳои бачагона дар Тоҷикистонро ба баррасӣ бигиранд. Ҳамчунин дар ин ҳамоиш раиси нави Иттифоқи журналистон интихоб мешавад. Ба ҷуз ин иштирокдорон ҳайати раёсатро тасдиқ намуда, аъзои комиссияи назоратии Иттифоқи журналистонро интихоб мекунанд.{jathumbnail off}