Кумитаи дин: Дар масъалаи ҳаҷ танҳо ба мо бовар кунед
Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабарҳо дар мавриди ташкили “ҳаҷҷи хайриявӣ”-ро такзиб кард.
Дар изҳороти Кумитаи дин таъкид шудааст, ҳеч гуна ҳаҷҷи хайриявие аз ҷониби афроди алоҳида ташкил нашуда ва хабарҳо дар мавриди сафарбаркунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ бо ин шева асос надоранд.
Масъулини кумита гуфтаанд, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар маросими “Ҳаҷ-2015” танҳо тавассути ин ниҳод имконпазир аст: “Арабистони Саудӣ танҳо ба мақомоти давлатии танзимкунандаи сафари зоирон ба ҳаҷ иҷозаи сафарбарнамоии ҳоҷиён ба мавсими ҳаҷро додааст. Яъне, аз Тоҷикистон танҳо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳаққи ташкили ҳаҷ ва сафарбарнамоии зоирон ба Хонаи Худоро дорад”.
Масъулини Кумитаи дин аз он ибрози нигаронӣ кардаанд, ки бархе афрод бо хабарҳо дурӯғ дар мавриди вуҷуд доштани ҳаҷҷи хайрия миёни мардум нофаҳмиҳо ба вуҷуд оварданд: “Кумитаи дин ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки ба чунин овозаҳои дуруғин дода нашаванд, то ба доми фиреби қаллобон наафтанд”.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.