Бозгашти ҷангиёни тоҷик: Аз заминбӯсӣ дар фурудгоҳ то воизони “рӯзахур”-и ДИИШ (АКС)
Мақомоти амниятии Тоҷикистон бо пахши як гузориш тариқи шабакаи аввали телевизиони кишвар аз бозгашти даҳҳо ҷавони тоҷик аз ҷангҳои Ироқу Сурия хабар доданд.
Дар ин гузориш, ки шоми 5-уми август намоиш дода шуд, бархе ҷангҷӯёни собиқи ДИИШ ҳангоми вуруд ба хоки Тоҷикистон дар фурудгоҳ ба зону зада, хоки Ватанро мебӯсиданд ва қисми дигар хок ба пешонӣ молида, изҳор медоштанд, ки бояд шукронаи оромию осоиштагии Ватан кард. Бозгаштаҳо аз кори кардаашон изҳори пушаймонӣ карда, аз ҷавонони кишвар даъват намуданд, ки фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ нашаванд, зеро Исломи воқеӣ дар Тоҷикистон аст.
Ҷамолбӣ Ҳамидова, як сокини шаҳри Душанбе дар гузориш изҳор дошт, ки ҳамроҳи шавҳараш ба гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайваста, бо ваъдаи пули калон аз Краснодар тариқи Туркия ба Сурия рафтаанд: “Дар Сурия ба ҷанг рафт, омад, ки ярадор, ҷароҳатҳояшро калон-калон дӯхтаанд. Фаҳмид, ки фиребаш кардаанд ва гуфт, ки як бори дигар агар баргардад, дигар ба ҷанг намеравад. Ин дафъа рафту як ҳафта пас хабари маргашро оварданд”.
Рустам Ҳаётов, сокини 18-солаи ноҳияи Восеъ, ки соли 2012 барои таҳсил ба Туркия рафтаасту баъдан ба ДИИШ пайвастааст, изҳор дошт, воизони ДИИШ, ки даъвои исломиро доранд, худашон рӯза намедоранд, дар вақти намоз хобанд ва бо занҳои шавҳарашон мурдагӣ бе никоҳ ҳамхоба мешаванд.
Ҳаётов дар баробари ҷангиёни дигари баргашта аз Сурияю Ироқ - Фаррух Шарипов, сокини шаҳри Хуҷанд, Мавзуна Мирзоева, сокини Шаҳритус, Ҷаҳонгир Темуров, сокини шаҳри Чкаловск, Аъзамҷон Хоҷаев, сокини шаҳри Турсунзода ва дигарон аз зӯроварию ваҳшонияти ДИИШ интиқод намуданд. Ба гуфтаи бозгаштаҳо бисёре аз онҳое, ки дар Сурияю Ироқ меҷанганд, аз кардаашон пушаймонанд, аммо роҳи бозгашт надоранд.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон беш аз 500 ҷангҷӯи тоҷик ба Сурияю Ироқ рафтаанд, ки то ҳол наздики 150 нафарашон кушта шудаанд.