10 миллион юани Чин ба сокинони зарардидаи Тоҷикистон
Мақомоти Чин тасмим гирифтаанд, барои зарардидагон аз офати табиӣ дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион доллар кумак кунанд.
Тибқи иттилои хабаргузориҳои Чин, масъулини Бахши хориҷии Вазорати тиҷорати ин кишвар гуфтаанд, барои кумак ба сокинони зарардидаи Тоҷикистон аз офати табиӣ 10 миллион юан ё 1,63 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. Манбаъ афзуда, ин кумак рӯзҳои наздик ба мақомоти тоҷик тақдим хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Ян Чзечӣ, узви Шӯрои давлатии Чин дар мулоқот бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин ҳамдардии раҳбарият ва мардуми кишварашро ба мардуми Тоҷикистон дар робита ба офати табии ахир баён карда, омодагии Чинро барои кумак эълон карда буд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар пайи фаромадани ярчу омадани сел дар бархе шаҳру навоҳии кишвар бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват намуд, ки барои барқарорсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мақомоти тоҷик кӯмак кунанд.
Масъулини ин ниҳод гуфтанд, даҳаи дуюми моҳи июл, дар пайи боришоту обхезӣ ва селфароӣ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон ба хоҷагии қишлоқ, соҳаи нақлиёту энергетика беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расонда шуд.