Собиқ раиси ҷавонони ҲХДТ ба “Единая Россия” пайваст: Ба ҲХДТ бармегардам...
Исфандиёр Абдураҳмонов, раиси мустаъфии ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба ҳизби ҳокими Русия- “Единая Россия” пайвастааст.
Абдураҳмонов имрӯз, 5-уми август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз моҳи май инҷониб дар Севастопол аз тамоми имтиҳонҳо гузашта, ахиран ба узвияти ҳизби ҳокими Русия пазируфта шуд. Ӯ афзуд, дар ҳизби ҳокими Русия ба фарқ аз ҳизби ҳокими Тоҷикистон аъзои қатории ҳизб ҳар масъаларо тадқиқот мегузаронанд, роҳи ҳалли масоилро ба манфиати ҳукумату шаҳрвандон пайдо мекунанду ба раиси ҳизб, Дмитрий Медведев пешниҳод мекунанд.
Ӯ изҳор дошт, ки ба “Единая Россия” бо даъвати худи масъулини ин ҳизб пайвастааст ва афзуд, ки ният дорад, соли 2017 ба Тоҷикистон бармегардаду ҳамчун узви ҲХДТ фаъолияти сиёсиашро идома хоҳад дод: “Инчунин ният дорам, дар Тоҷикистон Федератсияи футболи амрикоиро таъсис диҳам”.
Абдураҳмонов моҳи апрели соли равон аз истеъфои худ аз мақоми раиси “Созандагони Ватан”-и ҲХДТ хабар дода, дар саҳифаи фейсбукияш сабаби ин иқдомро дар "бахилӣ ва маҳалчигии кормандони Кумитаи Марказии ҲХДТ" арзёбӣ карда буд: “Давоми се моҳ ман ба ҳайси раиси “Созандагони Ватан” сидқан фаъолияти фундаменталии натиҷадор кардам. Аммо аз дастаи маҳалгароӣ ва ҷудоиандозии бисёре аз кормандои Кумитаи марказии ҲХДТ истеъфо додам. Гарчанде бисёриҳо ба ман гуфтанд, истеъфо надеҳ, ки дар назди Ҷаноби Олӣ сиёҳат мекунанд. Бигзор ҳақ ба ҳақдор бирасад. Агар барои суханҳои ҳақам азоб кашам, ин азоб паси сар мешавад, аммо бигзор Тоҷикистон обод шавад”.
Дар пайи ин Шӯрои ташкилоти "Созандагони Ватан", бо нашри як изҳорот интихоби Исфандиёр Абдураҳмоновро ба мақоми раиси ин ташкилот хатои худ эътироф карданд.