Додситонӣ изҳороти фармондеҳи “Воҳиди махсус”-ро дар масҷид месанҷад
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд изҳороти полковник Бароталӣ Ҳомидзода, фармондеҳи Воҳиди махсуси ВКД-ро дар мавриди он ки алайҳи пайравони равияҳои ғайриҳанафӣ чораандешӣ мешавад, мавриди санҷиш қарор хоҳад дод.
Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии Прокуратураи генералии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш дар Душанбе изҳор дошт, ки аз чунин изҳорот иттилое надоранд, аммо санҷиш мегузаронанд, ки полковники милиса дар кадом шакл ва аз номи кӣ чунин изҳорот додааст. Сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон кишвари дунявист ва ин масъули ВКД аз номи давлат ҳақ надорад, чунин изҳорот диҳад.
Ин дар ҳолест, ки Бароталӣ Ҳомидзода, сардори Воҳиди махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки амнияти ҳаракати раисиҷумҳур ва меҳмонони олиқадрро дар роҳҳои кишвар таъмин мекунад, рӯзи 3 июл дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибро риоя накарда, аз байни намоз хеста мераванд, ҳамчун узви равияҳои ғайр дониста шуда, нисбати онҳо чораандешӣ мешавад”.
Ба гуфтаи Ҳомидзода, дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намозгузорон барои шиносоии пайравони равияву ҳаракатҳои ғайриҳанафӣ гуруҳҳои корӣ ташкил шудааст: “Дар ҷумҳурии мо бояд як мазҳаб - мазҳаби Имоми Аъзам амал намояду фаъолияти дигар мазоҳибу равияҳо бар асоси қонун манъ мебошанд. Ба хотири ошкор кардани чунин равияҳо аз ҳисоби намозгузорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуруҳҳои корӣ ташкил шуда, аъзои ғайримазҳаби Ҳанафияро ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидан пешниҳод мекунанд”.
Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ қарорҳое алайҳи ришу ҳиҷоб гирифта нашудааст ва иқдомоте, ки роҳандозӣ мешаванд, ба хотири гиромӣ ва нигаҳдошти фарҳангу арзишҳои миллӣ мебошанд.